Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский мухолифонро даъват кард, ки аз ифрот худдорӣ кунанд


Соҳибкори зиндонӣ Михаил Ходорковский аз мухолифони режими Владимир Путин даъват кард, ки ба хотири ҳифзи ваҳдати нирӯ нагузоранд эътирозҳои осоишта ба хушунат ва ифрот гараванд. Ин даъват дар матлабе садо медиҳад, ки имрӯз дар нашрияи русии “Коммерсант” дар остонаи интихоботи президентии рӯзи 4 март чоп шудааст. Интизор меравад, ки нахуствазир Владимир Путин дар ин интихобот дастболо шавад. Ходорковский гуфтааст, ки дар сурати ноком шудани Путин дар ҷараёни даври аввали раъйдиҳӣ ин худ гувоҳи хатми монополияи қудрат дар Русия хоҳад буд. Ходорковский, раҳбари собиқи ширкати нафтии Юкос аз соли 2003 ба ин сӯ дар зиндон буда, қарор аст то соли 2017 паси панҷара боқӣ монад. Созмони Афви байнулмилал ӯро зиндонии виҷдон ном додааст.
XS
SM
MD
LG