Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби Созишномаи ҳамкориҳои марзӣ бо Русия дар парлумони Тоҷикистон


Имрӯз палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо раъйи оро созишномаи байнидавлатии Русияву Тоҷикистон “Дар бораи ҳамкорӣ дар масъалаҳои марзӣ” ба тасвиб расонд. Созишномаи мазкур ҳамкориҳои ду кишварро дар масоили марбут ба омодасозии мутахассиони соҳаи марзбонӣ, интиқоли борҳо, аз ҷумла аз роҳҳои ҳавоӣ, таъмини фаннии посгоҳҳои марзӣ аз ҷониби Русия дар бар мегирад. Дар ин бора қабл аз раъйдиҳӣ дар парлумон фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо иттило дод. Дар худи Русия ин созишномае, ки 2 сентябри порсол дар ҷараёни сафари президенти Русия Дмитрий Медведев ба Душанбе имзо шудааст, рӯзи 22 феврал дар Шӯрои Федератсия ба тасвиб расидааст.
XS
SM
MD
LG