Шӯрои мудирони ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот»-и Русия қарор кард, ки то соли 2014 шумори ҳавопаймоҳояшро беш аз 2 маротиба афзуда, аз 114 адади феълӣ ба 255 бирасонад. «Аэрофлот» мегӯяд, парки ҳавопаймоҳояшро аз ҳисоби харидории ҳавопаймоҳои бузургтаре, чун Sukhoi Super Jet-100, Airbus A330 ва A320, ва Boeing 737 такмил хоҳад кард.