Мақомоти ИА аз ҳукми зиндони вазири собиқи умури дохилаи Украина Юрий Лутсенко интиқод карданд. Лутсенко дирӯз бо ҷурми сирқат ва сӯъиистифода аз мақом ба 4 соли зиндон маҳкум шуд. Вазири хориҷаи Шветсия Карл Билдт гуфт, ин ҳукм мустақилияти низоми адлияи Украинаро зери шубҳа мегузорад. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон ва куммиссари густариши ИА Штефан Фюле дар як баёния гуфтанд, ин ҳукм ҳокист, ки додгоҳҳои Украина ба меъёрҳои байналмилалӣ эҳтиром намегузоранд. Вазири Бритониё дар умури Аврупо Девид Лидингтон ҳукмро «амиқан нигаронкунанда» ва муноқиз ба азми Киев барои ҳамоиш бо Аврупо номид.