Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достиев: Баҳси пойгоҳи Русия ҳанӯз идома дорад


Абдулмаҷид Достиев
Абдулмаҷид Достиев
Сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, як мавзӯъи асосии гуфтугӯи телефонии раҳбарони Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев мақом ва шароити ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон буд, вале зоҳиран ҷонибҳо ба як тавофуқи ниҳоӣ дар ин масъала ҳанӯз даст наёфтаанд. Оқои Достиев гуфт, Душанбе мустаҳақ аст, барои ин пойгоҳ аз Русия пули иҷора талаб кунад. Қаблан дар матбуот гуфта мешуд, ки Тоҷикистон барои пойгоҳи низомиаш аз Русия солона беш аз 300 миллион доллар пули иҷора мехоҳад.
XS
SM
MD
LG