Рӯзи якшанбе ҳазорон нафар дар ҳалқаи Садовое дар маркази Маскав дастбадаст як занҷири зиндаро ба вуҷуд оварданд. Ин занҷири эътирозӣ алайҳи азми сарвазири Русия Владимир Путин буд, ки мехоҳад дар интихоботи рӯзи 4 март ба давраи севуми раёсат даст биёбад. Бо вуҷуди рехтани барф, рӯзи 26 феврал ҳазорон нафар дар 16 километр тӯли ҳалқаи Садовое дастбадаст шуданд ва ба ҳисоби пулис, дар ин эътироз ҳудуди 11 000 нафар ширкат варзидааст. Аммо мухолифин шумори ширкаткунандагони “ҳалқаи зинда” дар Садовоеро 34 000 нафар баршумурдаанд.
Бино ба хабарҳо, ҳудуди 3 000 нафар дирӯз дар Санкт-Петербург таҳти шиори “Русия бидуни Путин” раҳпаймоӣ кардаанд. Чунин эътирозҳо рӯзи 26 феврал дар Томску Кемерово низ доир шуд. Тарафдорони Путин дар майдони марказии Маскав маъракаеро таҳти номи “Путин ҳар кадоми шуморо дӯст медорад” барпо карданд. Бар фарқ аз эътирозгарони ҳалқаи Садовое, ки лентаҳои сафед доштанд, тарафдорони Путин лентаҳои иборат аз се ранги сурху сафеду кабуди парчами Русияро ба сари сина зада буданд.