Абдрабӯҳ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури нави Яман, имрӯз савганд ёд кард. Дар интихоботе, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд ва ӯ номзади ягона буд, беш аз 60 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанд.
Абдрабӯҳ Мансур Ҳодӣ муовини раисиҷумҳури пешин Алӣ Абдулло Солеҳ буд ва тибқи созиши ҳосилшуда, дар давраи гузариш, ки ду сол идома хоҳад кард, раёсати Яманро бар ӯҳда хоҳад дошт. Дар ин давра бояд Қонуни асосии нави Яман ҳам таҳия шавад.
Дар маросими савганди Мансур Ҳодӣ раҳбари пешин Алӣ Абдулло Солеҳ низ ширкат дошт, ки шоми ҷумъа аз Амрико ба Яман омад. Солеҳ, ки 33 сол раисиҷумҳури Яман буд, бар асари эътирозҳои оммавии мардум ба истеъфо рафт.