Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интисоби муҳимтарин вазирони Туркманистон


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раҳбарони бахши энержиро дар кобинаи наваш ҳифз кард. Боймурод Хоҷамуҳаммадов муовини сарвазир ва Байрамгелдӣ Нодиров вазири нафту наз таъйин шуданд. Нодиров аз августи соли 2008 раҳбарии муҳимтарин вазорати ин кишвари саршор аз манобеъи нафту гази Осиёи Марказиро бар ӯҳда дорад. Бердимуҳаммадов дар интихоботи рӯзи 12 феврал бо касби 97 дарсади оро ба давраи дуввуми 5-солаи раёсат даст ёфт.
XS
SM
MD
LG