Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Медведев ва Атамбоев дар Маскав


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо ҳамтои қирғизи худ Алмос Атамбоев дар Маскав мулоқот кард. Атамбоев бо як сафари серӯзаи корӣ дар Русия ба сар мебарад. Қарор аст, ӯ дар дидор бо сарони Русия масъалаи таҳкими равобити байни ду кишварро баррасӣ кунад. Пеш аз ин сафараш раҳбари Қирғизистон гуфт, аз Маскав барои ҳузури иншооти Русия дар қаламрави кишвараш иҷора ва ҷубронпулӣ талаб хоҳад кард. Қирғизистон ҳамчунин маркази транзитии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаро низ дар қаламрави худ ҷой додааст ва барои ин аз Вошингтон иҷорапулӣ мегирад. Аммо Атамбоев гуфтааст, пас аз соли 2014 дар Қирғизистон пойгоҳи ҳарбии Амрико боқӣ нахоҳад монд.
XS
SM
MD
LG