Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми беҳбуди равобити Иёлоти Муттаҳида ва Покистон


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида (аз чап) ва ҳамтои покистонии ӯ Ҳино Раббонӣ Кҳар дар ҳамоиши масъалаҳои Сомалӣ дар Лондон, 23 феврали соли 2012.
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида (аз чап) ва ҳамтои покистонии ӯ Ҳино Раббонӣ Кҳар дар ҳамоиши масъалаҳои Сомалӣ дар Лондон, 23 феврали соли 2012.
Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон гуфт, вай бо ҳамтои покистонии худ Ҳино Раббонӣ Кҳар “сари нигарониҳои муштарак як муколамаи созанда” дошт. Мулоқоти онҳо дар ҳошияи як фамоиши байнулмилалӣ дар Лондон, дар айни авҷи сардии равобити байни ду кишвар ба вуқӯъ пайваст. Муносибатҳои Вашингтон ва Исломобод баъд аз ҳамлаи ҳавоии НАТО дар моҳи ноябри соли гузашта, ки бар асари он 24 сарбози покистонӣ ба ҳалокат расиданд, давраи сахтеро ба сар мебурданд. Намояндаи аршади Иёлоти Муттаҳида гуфт, Клинтон ба оғози нави муносибатҳо дар шакли комил даъват кардааст. Покистон мегӯяд, пеш аз ин бояд баррасии муносибатҳо дар порлумони ин кишвар ба поён расад. Ин дипломат гуфт, ба зудӣ мулоқоти сеҷонибаи Иёлоти Муттаҳида, Покистон ва Афғонистон баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG