Фаъолони Сурия мегӯянд, нерӯҳои давлат дар шаҳри муҳосирашудаи Ҳумс наздик ба 100 нафарро куштаанд. Тасдиқи ин хабар аз тарафи манобеи мустақил номумкин аст. Дар ин байн Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки-мун дар ҷустуҷӯи номзадест, ки барои боз кардани “долони башарӣ” бо мақомоти Сурия ва мухолифон вориди гуфтугӯ шавад. Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх хостааст, ба хотири кӯмак ба мардум давлат ва мухолифони Сурия оташбас эълон кунанд.