Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо дар бораи қарз ба Юрон ба тавофуқ расид


Вазирони молияи кишварҳои қаламрави ево дар бораи додани қарзи фаврии молӣ ба арзиши 130 миллиард евро ба Юнон ба тавофуқ расиданд, то ин кишвар битавонад аз муфлисӣ раҳо шавад. Ҳадафи кӯмак ин аст, ки то соли 2020 мизони қарзи ин кишвар аз даромади нохолиси он 120,5 дарсад поинтар ояд. Дар нақшаи наҷоти молии Юнон дархост шудааст, ки ин кишвар 100 миллиард евро қарзҳои ширкатҳои хусусӣ, аз ҷумла бонкҳоро ботил эълон кунад. Жан Клод Юнке-нахуствазири Люксембург гуфт, қарзҳо замоне дар ихтиёри Юнон гузошта хоҳанд шуд, ки агар ин кишвар иловаҳо дар Қонуни Асосиро ба тасвиб расонад. Ин иловаҳо ба Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул имкон хоҳанд дод, ки онҳо ҷиддитар сарфи ин маблағҳоро назорат кунанд. Нахуствазири Люксембург гуфт, кишварҳои қаламрави евро дар авоили моҳи март бори дигар мулоқот мекунанд, то мутмаин шаванд, ки Юнон шартҳоро иҷро кардааст.
XS
SM
MD
LG