Се сарбози Итолиё дар Афғонистон бар асари садамаи нақлиётӣ ҳалок шудаанд. Мошини зиреҳпӯши ин сарбозон имрӯз дар вилояти Ҳирот ба дарё сарозер шуд. Матбуоти Итолиё хабар дод, ки дар ин садама 4 итолиёии дигар ҷароҳат бардоштанд. Итолиё дар Афғонистон 3800 сарбоз дорад.