Бино ба маълумоти ахири Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Латвия, тақрибан 75 дарсади райдиҳандагон бар зидди мақоми расмӣ донан ба забони русӣ рай додаанд. Рустаборони ин кишвар мехостанд, ки ба забони русӣ дар ин кишвар мақоми забони дуввуми расмӣ дода шавад. Аз панҷ минтақаи Латвия танҳо сокинони минтақаи Латгалия аз забони русӣ ҷонибдорӣ кардаанд. Бузургтарин шаҳри ин минтақа Даугавапилс мебошад. Бештар аз 70 дарсади аҳолии қобили рай дар райпурсӣ ширкат кардаанд.