Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 16 нафар аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин


Бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ба як мавзеи канори шаҳри Миралӣ, воқеъ дар Вазиристони шимолии Покистон, даҳ фарди мусаллаҳ кушта шуданд, ки миёни онҳо хориҷиён низ ҳастанд.

Аз зарбаи дигари ҳавопаймои бесарнишин ба пойгоҳи ҷангиён дар мавзеи Спалга шаш нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар як ҳамлаи маргталабона ба қароргоҳи ихтиёриёни мусаллаҳи пуштибон аз ҳукумати Покистон дар вилояти Хайбар-Пахтунхва як кас кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG