Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкорӣ бо "Ҷамъияти интихобкунандгон" дар Русия


Имрӯз намояндагони ду номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ Геннадий Зюганов аз ҳизби Кумуннисти Русия ва соҳибкор Михаил Прохоров бо бо “Ҷамъияти интихобкунандагон” мувофиқатномаи ҳамкорӣ имзо карданд. Ин ҷамъиятро гурӯҳи шахсиятҳои иҷтимоӣ ташкил кардааст. Интизор меравад, ки онҳо якҷо нозиронро бо шеваҳои назорат ошно созанд, марказҳои доду гирифти маълумот ташкил кунанд ва дар минтақаҳо пойгоҳҳо ё базаи ягонаи гузориши нозиронро дошта бошанд. Дар гузашта номзадҳои дигар, аз ҷумла Владимир Путин, Сергей Миронов ва Владимир Жириновский низ барои ҳамкорӣ бо “Ҷамъияти интихобкунандагон” изҳори омодагӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG