Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти иқомати 152 нафар дар як ҳуҷра дар Владивосток


Як хонум дар шаҳри Владивосток дар манзили якҳуҷрагии худ ба 152 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон сабти иқомат ё ҳақи прописка додааст. Кормандони хадамоти муҳоҷирати шаҳр замоне ба ин масъала таваҷҷуҳ карданд, ки манзили вай маҷмуан 35 метри мураббаъ ҷои зист доштааст ва ин миқдор одам наметавонад дар он ҷо иқомат кунад. Ҳангоми пурсиш ҳамсояҳо гуфтаанд, ки дар манзили ин хонум танҳо худаш зиндагӣ мекунад ва онҳо касеро дар он ҷо намебинанд. Соҳибхоназан бо як корманди бахши шиносномаҳо забон ёфта, муҳоҷиронро дар ивази маблағе дар он ҷо сабти ном мекардаанд. Вале ин хонумро наметавонанд ба муҷозот кашанд, зеро қонуни Русия барои додани сабти иқомат ба дигарон ҷазоеро пешбинӣ накардааст.
XS
SM
MD
LG