Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори муовини муфтии Ставропол тафтиш мешавад


Дар робита ба ҳалокати муовини муфтиии вилояти Ставрополи Русия Қурмон Исмоилов дар инфиҷори мошин дар шаҳри Пятигорск парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин хабар дод.

Бар пояи иттилои муқаддамотӣ нерӯи таркиш баробар ба 300-400 грам тротил буд. Ба гуфтаи Маркин, чанд фарзияи ҷиноят, аз ҷумла, марбут ба фаъолияти Исмоилов тафтиш хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG