Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Покистонро расман муттаҳам эълон карданд


Юсуф Ризо Гелонӣ
Юсуф Ризо Гелонӣ
Додгоҳи Олии Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазири ин кишварро барои беэътиноӣ ба таври расмӣ гунаҳгор эълон кардааст. Гелонӣ барои сарпӯш гузоштан ба парвандаҳои пешини ришвахории Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон муттаҳам дониста мешавад. Нахуствазир ин иттиҳомотро қабул надорад ва мегӯяд, ки он ангезаи сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи Гелонӣ, Осиф Алӣ Зардорӣ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз ҳақи масъуният бархӯрдор аст. Агар иттиҳоми Гелонӣ собит шавад, вай аз мақоми нахуствазирӣ меравад ва ба вай 6 моҳи зиндон таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG