Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи раъйгирӣ дар интихоботи Туркманистон


Дар Туркманистон интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ идома дорад. Дар баробари раҳбари феълии ин кишвари саршор аз манобеъи нафту гази Осиёи Марказӣ 7 номзади дигар низ сабт шудаанд. Қурбонқулӣ Бердимуҳамадов имрӯз ҳамроҳ бо падараш Маликқулӣ ва писару наберааш дар яке аз қитъаҳои Ишқобод раъй дод. Ӯ ба падараш ҳамчун раҳбари хонавода иҷозат дод, ки якум раъй диҳад. Ба назари ағлаб, интихобот бо пирӯзии Бердимуҳаммадов анҷом хоҳад ёфт, чунки ба он ягон намояндаи мухолифин роҳ дода нашуд.
XS
SM
MD
LG