Як мақоми маҳаллӣ гуфт, бар асари таркиши бомби канори роҳ дар ҷануби Афғонистон 5 пулис кушта шуданд. Ноиби волии Урузгон Ҳоҷӣ Хубираҳим гуфт, мошини ин афсарон ҳангоми дидбонӣ дар улусволии Чанорту ба бомб бархӯрд. Ба гуфтаи ӯ, як раҳгузар низ бар асари ин инфиҷор ҷароҳат бардоштааст.