Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин намояндаашро барои гуфтугӯ ба Эрон мефиристад


Чин эълом дошт, ки як мансабдори баландпояи худро барои баррасии барномаи ҳастаии Эрон ба Теҳрон мефиристад. Қарор аст, ноиби вазири умури хориҷии Чиин, Ма Жок Су рӯзҳои якшанбе ва душанбе бо мақомоти Эрон сари барномаи ҳастаии ин кишвар табодули назар кунад. Дар изҳороти расмии Чин гуфта мешавад, “гуфтугӯ ва ҳамкорӣ” ягона роҳи ҳалли баҳсҳои марбут ба Эрон аст. Ин сафар дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои зидди Эронро шиддати бештар додаанд.
XS
SM
MD
LG