Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои қонун алайҳи танфурӯшон дар Тоҷикистон


Як мақоми ҳукумати вилояти Хатлон хостори тасвиби қонуни вижае алайҳи танфурӯшӣ дар Тоҷикистон шудааст. Майрамбӣ Ғафурова, мудири бахши ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Хатлон ба «Азия Плюс» гуфтааст, танҳо тайи як амалиёт ба дискотекаҳои «Дурахшон», «Шабу рӯз» ва «Аспи сафед» дар шаҳри Қӯрғонтеппа 26 духтари ҷавони аз 19- то 26-соларо дастгир кардаанд, ки ба танфурӯшӣ гумонбар мешаванд. Хонум Ғафурова гуфтааст, аксари онҳо аз шавҳар ҷудо шуда, дар даст кӯдаки хурд доранд, вале атфоли худро дар хона гузошта, шабона ба «кор» ё «шикор» баромадаанд.
XS
SM
MD
LG