Пайвандҳои дастрасӣ

Полша ба бозиҳои футболи Аврупо 2012 тақрибан омода аст


Варзишгоҳи миллии Варшава
Полша мегӯяд, ки тақрибан 90 дарсади иншооти нави варзишӣ барои бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо омода аст. Бозиҳои қаҳрамонии Аврупо тобистони соли 2012 баргузор мешавад. Ба гуфтаи мақомоти Варшава, аз 83 иншооти калидии сармоягузоришуда 75 тои он то моҳи декабр ё омода шуда буданд ё сохтмони онҳо дар ҳоли такмил буд. Ба ин иншоот варзишгоҳҳо, фурудгоҳҳо ва роҳҳо дохил мешаванд. Имрӯз Радослав Сикорский-вазири корҳои хориҷаи Полша ба Украина меравад, то дар бораи омодагии Украина ба ин бозиҳо бо ҳамтои украинии худ Константин Гришенко гуфтугӯ кунад. Украина ва Полша мизбонони бозиҳои қаҳрамонии Аврупо 2012 мебошанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG