Ҳавои шадидан сард ҳамоно бахши аъзаме аз қораи Аврупоро дар қабза дорад ва бар асари он то ҳоло ба камияш 175 нафар фавтидаанд. Дар Бритониё барфи бузург минтақаҳои марказӣ ва ғарбиро пӯшондааст. Фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон сӣ дарсади парвозҳоро қатъ намуд. Барф ва ҳавои сард инчунин сабаби қатъи ҳаракат дар роҳҳои шимоли Итолиё шудааст. Мақомоти украин мегӯянд, ба манфии 30 дараҷа поин омадани ҳарорати ҳаво сабаби марги боз 21 нафари дигар гаштааст, ки аксари онҳо афроди бехона будаанд.