Дар гузориши UNAMA-идораи СММ дар Афғонистон, ки рӯзи шанбе дар Кобул нашр шуд, омадааст, ки мизони талафоти ғайринизомиён дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 ҳашт дарсад афзоиш ёфтааст.
UNAMA мегӯяд, аз панҷ сол ба ин сӯ талафоти ғайринизомиён дар ин кишвар рӯ ба афзоиш будааст. Ба гуфтаи ин идора, масъалаи ҷилавгирӣ аз куштори ғайринизомиёни афғон бояд дар сархати барномаи гуфтугӯҳои сулҳ қарор дода шавад.
Георгетте Гагнон, масъули ҳуқуқи башари ин ниҳод дар Афғонистон ҳангоми интишори ин гузориш гуфт, ки 77 дарсади талафоти ғайринизомӣ дар соли 2011 аз сӯи мухолифони мусаллаҳ сурат гирифтааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки соли 2011 наздик ба 190 ғайринизомӣ дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои тарафдори давлати Афғонистон кушта шудаанд, ки дар муқоиса ба соли 2010 ҳудуди 9 дарсад бештар будааст.
Ин гузориши СММ мегӯяд, наздик ба 500 қатли ҳадафмандона аз сӯи мухолифони мусаллаҳ дар ин сол низ сурат гирифтааст, ки дар он бештар кормандони баландрутбаи давлатӣ, мисли волиён, раисони ноҳияҳо, аъзои шӯроҳои вилоятӣ ва раҳбарони қавмӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Ҳамлаҳои интиҳорӣ ва истифода аз минаҳои канорҷодаӣ аз тарафи мухолифони мусаллаҳ, яке аз сабабҳои асосии баланд рафтани талафоти ғайринизомиён дар соли 2011 буд, ки ҷони 960 шахси ғайринизомиро гирифтааст. Бар
Мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон то кунун дар мавриди гузориши тозаи СММ дар мавриди талафоти ғайринизомиён изҳори назар накардаанд, вале пеш аз ин, чунин гузоришҳоро ҳамвора рад карда онро якҷониба хондаанд.
Аммо ба назар мерасад, ки ҳамлаҳои интиҳорӣ ва истифода аз минаҳои канори роҳӣ, аз муассиртарин василаи мухолифони ҳукумати Афғонистон ба шумор мераванд, зеро онҳо бештар аз чунин ҳамлаҳо истифода мекунанд.