Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия интизори имзои қарордоди низомӣ бо Тоҷикистон аст


Григорий Карасин
Григорий Карасин
Григорий Карасин-муовини вазири корҳои хориҷии Русия дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости гуфтааст, Русия мунтазир аст, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон посух диҳанд. Оқои Карасин ёдоварӣ кард, ки моҳи сентябри соли 2011 дар ҷараёни боздиди Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Душанбе ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷонибҳо дар бораи шарту шароити ҳузури ин нируҳо то соли 2014 гуфтугӯ карда буданд. Он вақт Медведев изҳори умед карда буд, ки то моҳи марти соли 2012 бо ҷониби Тоҷикистон ин шартнома ба имзо мерасад ва тибқи он пойгоҳи низомии Русия барои 49 соли дигар дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG