Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавоби раҳбари рӯҳонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон


Оятулло Алӣ Хоманеӣ
Оятулло Алӣ Хоманеӣ
Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон гуфтааст, ки кишвараш зери фишори байналмиллалӣ аз барномаҳои ҳастаии худ даст намекашад. Вай рӯзи ҷумъа зимни суханони худ таҳдид кард, ки Эрон ба ҳамлаи низомӣ ва ба таҳрими содироти нафти Эрон ҷавоб хоҳад дод. Раҳбари рӯҳонӣ гуфт, “таҳдид ба Эрон ва ҳамла ба Эрон ба Амрико зарар хоҳад кард”. Вай ба Исроил низ ҳамлаи лафзӣ кард ва гуфт, Эрон ба ҳар гурӯҳ ё кишваре, ки бо Исроили хурдакак мухолифат дорад, кӯмак хоҳад расонд. Суханронии Хоманеӣ ба 33 солагии инқилоби исломии Эрон ихтисос дошт.
XS
SM
MD
LG