Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории волии Бодканд баъди ҷанҷоли Андарак


Орзубек Бурҳонов
Орзубек Бурҳонов
Сарвазири Қирғизистон Омурбек Бобонов волии вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд Орзубек Бурҳоновро барканор ва раҳбари пулиси ин минтақа Ҷониш Раззоқовро кафили ҳукумати Бодканд таъйин кард. Қаблан куммиссиюни давлатӣ дар пайи таҳқиқи занозании байни ҷавонони тоҷику қирғиз дар рустои Андараки ин вилоят барканории волии Бодкандро тавсия дод. Ба ақидаи аъзои ин куммиссиюн, Бурҳонов натавонист барои таъмини тартибот тадбирҳои кофӣ биандешад. Ба дунбол, Бурҳонов ҳафтае пеш ариза дод, ки аз мақом меравад.
Тарафдорони ӯ тайи 3 рӯз дар назди ҳукумати вилоят раҳпаймоӣ карданд ва шоми чоршанбе ва он ҳам фақат вақте пароканда шуданд, ки волии собиқ изҳор дошт, ки бо хоҳиши худ аз мақом меравад, чунки ба айбҳои алайҳаш эълоншуда розӣ нест.
XS
SM
MD
LG