Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Порт Саид ва раҳбари футболи Миср барканор шуданд


Сарвазири Миср Камол ал-Ҷанзурӣ ҳокими шаҳри Порт Саид, раиси амнияти он ва раиси федерасюни футболи кишварашро баъд аз ҳалокати 74 нафар дар ошӯбҳои марбут ба бозии футбол аз мақомашон барканор кард. Шӯрои федерасиюн футбол низ пароканда эълон шуд. Раиси Шӯрои ҳарбии ҳокими Миср, фелд-маршал Ҳусейн Тантовӣ дар паёме ба мардуми Миср аз ҳалокати одамон изҳори таассуф кард ва гуфт:

“Ман ба таҳқиқи фаврии воқеа дастур додам. Додситони кул ҳоло ин вазъи таассуфборро, ки мардуми Мисрро дар мотам нишондааст, пажӯҳиш мекунад.”

Ошӯби мухлисон дар шаҳри Порт Саид бадтарин хушунати марбут ба варзиш дар таърихи Миср ва хунинтарин даргириии мухлисони футбол дар ҷаҳон аз соли 1996 ба сӯ будааст. Дар робита ба он дар Миср се рӯзи мотами миллӣ эълон шуд.
XS
SM
MD
LG