Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои волии Бодканд зимни низои қирғизҳо ва тоҷикон


Тазоҳуроти тарафдорони ҳокими барканоршуда.
Тазоҳуроти тарафдорони ҳокими барканоршуда.
Сарвазири Қирғизистон Омурбек Бабанов ҳокими вилояти Бодканд Арзибек Буркановро зимни ташаннуҷи байни қирғизҳо ва тоҷикон дар ин вилоят аз мақомаш барканор кард. Дар ҷои ӯ сардори Раёсати умури дохилии Бодканд Жениш Раззоқов сарпарасти вилоят таъин шуд. Истеъфои ҳоким бар асоси гузориши ҳайати давлатие сурат гирифт, ки задухӯрди намояндагони ду қавм дар деҳаи Андараки ҷануби Қирғизистон дар 28-уми декабрро таҳқиқ кард. Ҳайат ба хулосае омад, ки ҳокими вилоят натавонистааст, барои ҳифзи тартибот аз чораҳои зарурӣ истифода кунад. Тарафдорони Бурканов се рӯз дар назди бинои ҳокимияти вилоят тазоҳурот карданд, аммо баъдан пароканда шуданд. Дар ин байн баъд аз як куштор дар шаҳраки Айдаркани ин вилоят қирғизҳо талаб намуданд, ки чанд оилаи тоҷикон аз ин ҷо кӯчонда шавад. Ин минтақа феълан зери назорати нерӯҳои интизомии Қирғизистон аст.
XS
SM
MD
LG