Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар додааст, ки дар 5 рӯзи ахир аз сармо 30 нафар дар ин кишвар ҷон додаанд. Ҳоло сармои шадид дар кишварҳои Аврупои марказӣ ва шарқӣ ҳукм меронад. Бино ба хабари ин вазорат, 500 нафарро сармо гирифтааст ва онҳо таҳти муолиҷа қарор доранд. Бештари қурбониёни сармо афроди бесарпаноҳ будаанд. Ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои Украина ба 33 дараҷаи поёни сифр расидааст. Дар 6 соли ахир ин шадидтарин сармо дар Украина арзёбӣ мешавад.