Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО то поёни соли 2014 дар Афғонистон хоҳад монд


Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен
Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен гуфт, ин паймони низомӣ ба барномаи то поёни соли 2014 ба нирӯҳои маҳаллӣ супурдани масъулиятҳои амниятӣ дар Афғонистон пойбанд мемонад. Аммо ӯ таъйид кард, ки марҳалаи ниҳоии таҳвили масъулиятҳо, аз ҷумла дар вилоёт, аз миёнаи соли 2013 шурӯъ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфтааст, ки Порис мехоҳад замони хуруҷашро пештар биорад ва аз НАТО хостааст, ки ба маъмурияти низомиаш дар Афғонистон дар соли 2013 поён диҳад.
XS
SM
MD
LG