Сардабири ин нашрия Ҷамшед Улмасов ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки Александр Рибин билохира дар як номаи электронӣ аз худ дарак дода, гуфтааст, зиндаву саломат аст ва дар Туркия қарор дорад. Рибин навиштааст, ки ӯ дар садади сафар ба Гурҷистон аст, чунки мехоҳад ҳаёти ин кишварро бубинад.
Александр Рибин, ки барои "Бизнес и политика" низ гузориш менавишт, 11 рӯз боз бенишон шуда буд. Сардабири нашрияи «Бизнес и политика» Ҷамшед Улмасов ба Радиои Озодӣ гуфта буд, гузориши охиринашро аз Сурия Александр Рибин ҳанӯз рӯзи 18-уми январ фиристода буд. Баъд аз ду рӯзаш ӯ ба шаҳри Лозиқияи Сурия рафт ва бенишон шуд.
Рӯзи душанбеи 30-юми январ нашрия дар бора нопадид шудани хабарнигораш, ки шаҳрванди Русия аст, ба сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ҷаноби Улмасов гуфт, Александр Рибин супоришҳои «Бизнес и политика»-ро ба ҷо меовард ва қаблан аз Сербистон барои ин нашрия мақолаҳо фиристодааст. “Ду моҳи охир вай аз Сурия ҳафтае як бор барои мо гузориш мефиристод. То ҳол ҳеҷ мушкиле дар миён набуд. Аммо субҳи имрӯз дӯст ва ҳамсафари ӯ Анастасия Пичугина ба мо хабар дод, ки Александр нопадид шудааст. Ин дар ҳолест, ки вай мебоист, раводиди сафари Эронро мегирифт ва ба ин кишвар мерафт.”
Александр Рибин 29-сола буда, дар нимаҳои соли 2010 аз Владивосток ба Тоҷикистон омадааст ва бо нашрияҳои ин кишвар вориди ҳамкорӣ шудааст. Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки бо Пичугина дар тамос шуда, тавассути каналҳои дипломатӣ ҷӯёи журналист хоҳад гашт.