Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекорӣ дар Испания ба 24 дарсад наздик шуд


Дар Испания бекорӣ тақрибан ба 24 дарсад расидааст. Кристобал Монторо-вазири молия гуфт, дар охири моҳи декабр шумораи бекорон 5,4 миллион нафарро ташкил мекард, дар ҳоле, ки дар семоҳаи севвум 4,9 миллион нафар бекорон сабти ном шуда буданд. Дар миёни 17 кишвари қаламрави евро Испания дорои бештарин дарсадии бекорон мебошад. Ҳукумати нави ин кишвар қавл додааст, ки барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ислоҳот анҷом медиҳад, то аз афзоиши шумораи бекорон пешгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG