Мухолифони давлати Қазоқистон аз раҳбарони кишвар даъват кардаанд, ки “фишори сиёсӣ” ба мухолифонро хотима диҳанд. Рӯзи душанбе дар ҷараёни амалиёти тафтиш дар Алмаато Владимир Козлов-раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Алға”, яъне “Ба пеш” ва Игор Винявский-сардабири “Взгляд”-нашрияи ин ҳизб боздошт шуданд. Мақомот мегӯянд, ки ин амалиёти тафтиш бо нооромиҳои 16 декабри соли гузашта дар Жаноазен иртибот дорад. Дар изҳороте, ки 30 нафар аъзои ҳизби Миллии Сотсиал-Демократ имзо кардаанд, гуфта мешавад, ки мақомот ба баҳонаи ин нооромиҳо мухолифони худро саркӯб мекунанд.