Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Покистон 4 ҷангҷӯро куштанд


Бино ба гузоришҳо аз Покистон дар ҳамлаи мушакии як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар маҳалли марзие дар он кишвар 4 ҷангҷӯ кушта шудаанд. Хабаргузориҳои ғарбӣ мегӯянд, ҳамла дар вилояти Вазиристони Шимолӣ дар наздикии шаҳри Мироншоҳ, маркази ин вилоят сурат гирифтааст, ки як паноҳгоҳи амн барои ҷангҷӯёни Толиб ва Ал-қоида маҳсуб мешавад. Мақомоти Покистонӣ гуфтаанд, ҳавопаймо мошинеро нишон гирифтааст, ки дар дохили он ҷангҷӯён мерафтанд.
XS
SM
MD
LG