Ҳуснӣ Муборак то ҳанӯз раисиҷумҳури Миср боқӣ мемонад, зеро ӯ барои истеъфо ариза нанавиштааст. Дар ин бора Фарид ал-Диб, вакили дифои раисиҷумҳури пешини Миср, дар мурофиаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак изҳорот пахш кард. Ба гуфтаи ӯ, Ҳуснӣ Муборак аз дахлнопазирӣ бархурдор аст ва наметавонад мавриди пайгарди қонун қарор бигирад. Ал-Дибафзуд, ки парвандаи Ҳуснӣ Муборак бояд аз сӯи додгоҳи вижа баррасӣ шавад.
Ҳуснӣ Муборак дар даст доштан дар ҳалокати тақрибан 850 нафар замони эътирозҳои оммавӣ дар моҳи феврали соли гузашта ва ҳамчунин фасод айбдор мешавад. Агар ин иттиҳом тайид шавад, ба раҳбари пешини Миср ҳукми эъдом таҳдид мекунад.
Ҳамроҳ бо Муборак писаронаш Ало ва Ҷамол, собиқ вазири умури дохилӣ Ҳабиб ал-Адлӣ ва шаш раҳбари хадамоти амниятӣ низ ба додгоҳ кашида шудаанд.