Нют Гингрич, раиси пешини Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА, дар интихоботи аввалия ё праймеризи номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар аёлати Каролинаи ҷанубӣ пешсаф аст.
Бар пояи иттилои муқаддамотӣ, ӯ тақрибан 40 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст. Аз рақиби асосии ӯ – волии пешини аёлати Массачусетс Митт Ромнӣ 28 дар сади ширкатдорони раъӣдиҳӣ пуштибонӣ кардаанд.
Ҳамин тариқ дар се аёлат – Айова, Ню-Ҳампшир ва Каролинаи Ҷанубӣ се номзади мухталиф – Рик Санторум, Митт Ромнӣ ва Нют Гингрич пирӯз шудаанд.
Интихоботи аввалияи навбатии ҷумҳурихоҳон 31 январ дар аёлати Флорида мегузарад.
Рақиби раисиҷумҳури феълӣ ва номзади ягонаи демократҳо Барак Обама аз ҳизби ҷумҳурихоҳон моҳи август эълон хоҳад шуд.
Интихоботи президентӣ дар ИМА 6 ноябри соли равон баргузор мешавад.