Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лонге: Низомиёни фаронсавиро ҷосуси "Толибон" куштааст


Низомиёни фаронсавӣ дар Афғонистон аз сӯи як ҷосуси ҷунбиши "Толибон" кушта шудаанд. Дар ин бора вазири дифои Фаронса Жерар Лонге баъд аз музокирот бо низомиёни баландпояи афғон дар пойгоҳи нерӯҳои фаронсавӣ, воқеъ дар шарқи Афғонистон, изҳорот пахш кард. Дар ин мулоқот ҷузъиёти ҳамла ба сарбозони фаронсавӣ ошкор шуд.

Рӯзи ҷумъа як сарбози афғон сӯи низомиёни фаронсавӣ оташ кушод, дар натиҷа 4 нафари онҳо кушта ва 16 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамлагар боздошт шудааст. Баъд аз ин ҳодиса Порис эълом дошт, ки низомиёнашро аз Афғонистон берун мекунад, зеро амнияти онҳо таъмин нест.

Жерар Лонге дар робита ба ин ҳодиса гуфт, "умедворам, муфаттише, ки ин ҳодисаро тафтиш мекунад, ба ҳама иттилоъ ва худи қотил дастрасӣ хоҳад дошт, то ки сабабҳову чӣ гуна сурат гирифтани ҳодисаро бифаҳмад. Бояд рӯшан кард, ки ин ҳамлаи инфиродӣ буд ё бо кӯмак аз берун таҳия шуда буд. Ин ҳамаро бояд ҳарчӣ зудтар аниқ кард".

Вазири дифои Фаронса шоми дирӯз вориди Кобул шуд ва қарор аст, ки бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай музокирот кунад.

Шурӯъ аз соли 2001 дар Афғонистон беш аз 80 афсару сарбози фаронсавӣ кушта шуданд. Айни ҳол дар Афғонистон 3600 низомӣ аз ин кишвар мустақаранд ва бояд охирҳои соли 2014 ба ватан баргарданд.
XS
SM
MD
LG