Пайвандҳои дастрасӣ

Гелонӣ дар Додгоҳи Олии Покистон ҳозир шуд


Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, имрӯз дар Додгоҳи Олии кишвар ҳозир шуд. Ӯ ба он суол посух дод, ки чаро қарори додгоҳ барои дубора ифтитоҳ кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи раисиҷумҳур Осефи Алӣ Зардориро иҷро накардааст. Гап сари парванда оид ба фасод меравад, ки дар Швейсария тафтиш мешуд ва аммо онро соли 2008 бо талаби мақомоти Покистон бастанд.Додгоҳи Олии Покистон хостори эҳёи ин парванда шудааст.

Аитзаз Аҳсан, вакили дифоъи Гелонӣ гуфт, ки "нахуствазири Покистон шахсан дар Додгоҳи Олӣ омад. Ӯ авлавияти қонун ва нуфузи Додгоҳи олиро эътироф мекунад".

Агар Гелонӣ дар иҷро накардани қарори додгоҳ айбдор шавад, ӯ маҷбур аст, ки ба истеъфо равад.

Ҷаласаи навбатии Додгоҳи Олӣ рӯзи 1 феврал бидуни ширкати нахуствазир баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG