Қарор аст, имрӯз Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири гирифтори Покистон, барои посух додан ба суолҳои Додгоҳӣ Олӣ ҳозир шавад, ки ӯро ба сарпечӣ аз иҷрои амри додгоҳ муттаҳам мекунад. Дар сурати собит шудани ин иттиҳом, додгоҳ метавонад Гелониро аз мақомаш барканор кунад. Додгоҳи Олии Покистон Юсуф Ризо Гелониро барои он даъват кардааст, ки шарҳ бидиҳад, чаро аз Швейтсария расман нахост, парвандаи ҷиноии раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардориро аз нав боз кунад. Далели ҳукумат ин аст, ки Зардорӣ аз ҳаққи масуният бархурдор аст ва таъқиби ҷиноии ӯ мумкин нест. Айни замон ҳукумати Покистон таҳти фишори фазояндаи артиши қудратманди кишвар қарор гирифтааст, зеро соли гузашта як номаи ҳукумат ошкор шуд, ки гӯё аз Амрико хостааст, дар ҷилавгирӣ аз табаддулоти эҳтимолии низомӣ дар Покистон кӯмак кунад. Додгоҳи Олӣ барои таҳқиқи ин қазия як кумиссиёни махсус таъсис додааст.