Вазорати дифоъи Бритониё гуфт, пулиси низомӣ гузоришҳо дар бораи бадрафтории ду сарбозаш нисбат ба кӯдакони афғонро таҳқиқ хоҳад кард. Рӯзномаи “The Sun” навишт, ки як сержант ва як сарбози қарордодӣ бо гумони бадрафторӣ бо як писару як духтари 10-солаи афғон ва ба навор гирифтани ин саҳнаҳои бадрафторӣ боздошт шудаанд. Бритониё дар Афғонистон ҳудуди 9500 сарбоз дорад.