Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи солонаи ҳукумат гузашт, бидуни тағйирот


Гуфта мешавад, ин ҷаласа махсуси баррасии натоиҷи соли гузашта ва барномаҳои имсолаи ҳукумат аст.

Дар ин ҷаласа, ки таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мегузарад ва дар он раҳбарони вазоратхонаҳо ва идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, масъулони дастгоҳи раёсати ҷумҳур ва дигар намояндагони муассисаҳои давлатӣ ҳузур доранд, қарор аст ҳисоботи масъулони вазоратхонаҳову идороти давлатӣ дар бораи як соли фаъолияташон шунида шавад.

Аммо ҷаласаҳои солонаи ҳукумати Тоҷикистон бештар бо тағйироти кадриаш маъруф аст. Ахиран як қатор тағйирот дар сатҳи раҳбарияти вазоратхонаҳои кишвар ба вуқӯъ пайваст. Вале иддае аз коршиносон ба аъзои "дарозумр"-и ҳукумати Тоҷикистон ишора мекунанд, ки эҳтимол дорад аз вазифа барканор ва ё ба вазифаи дигар "кӯч" банданд.

Дар ҳамоиши рӯзи 18-уми январ сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов гуфт, "ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 30,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 5,4 миллиард зиёд аст. Афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 7,4% расид. Ба буҷети давлатӣ бошад 8,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд."

Арқому адади зикркардаи нахуствазир Оқилов аз дастовардҳое дар иқтисодиёт ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ҳикоят карданд. Бархе аз тавзеҳ ва тафсилот дар ин бора дар ҳисоботи вазирони ҳукумат тазаккур ёфт.

Бино бар хабари торнамои Президент.тҷ "сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои мазкур доир ба беҳтар намудани фаъолияти онҳо супоришҳои мушаххас дод."

Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле мегузарад, ки коршиносон ва нашрияҳо бо таъкид ба "бӯҳрони низом" дар Тоҷикистон ва дастовардҳои ночизи ҳукумат дар соли гузашта ислоҳоти куллӣ дар сиёсатҳо ва ҳайати кадрии ҳукуматро як зарурати ногузир меноманд. Ва дар ҳоле ки бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин ҷаласа интизориҳои зиёд доранд, бархи дигар мегӯянд, тағйиру пешрафтеро чашмдор нестанд:

Интизориҳои мардум аз ҷаласаи солонаи ҳукумат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG