Тибқи хабари матбуоти Тоҷикистон, ниругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят бурдааст ва талаб кардааст, ки ширкати “Барқи тоҷик” 5 миллион сомонӣ қарзи худро ба “Сангтӯда-1” пардохт кунад. Раҳбарии ниругоҳи “Сангтӯда-1” дар ихтиёри РАО ЕЭС-и Русия қарор дорад ва тавоноии он 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ниругоҳ дорои чаҳор чарха аст ва 20 январи соли 2008 ба тавлиди барқ шурӯъ карда буд.