Моликони киштии сайёҳие, ки дар соҳили Итолиё зери об рафт, дар ин офат ва ҳалокати 6 мусофир нохудои киштиро муқассир хондаанд. Ҳудуди 15 сарнишини дигари ин киштӣ то ҳол беномунишон боқӣ мемонанд, вале амалиёти наҷоти онҳо ба далели бад шудани ҳаво мутаваққиф шудааст. "Costa Concordia" бо ҳудуди 4200 сарнишин шаби ҷумъа дар соҳили Итолиё ғарқ шуд. Нохудои “Costa Concordia” Франческо Скеттино, ки киштиро пеш аз мусофиронаш тарк гуфт, феълан таҳти бозпурсӣ қарор дорад.