Сарвазири Русия Владимир Путин хостори “муколамаи фарогир” рӯи масоили рушди ин кишвар шуд. Путин дар матлабе навишт, танҳо баҳси фарогир ва тавофуқи назарҳо бар сари аҳдофи миллӣ метавонад Русияро пеш барад. Путин, ки мехоҳад дар интихоботи 4 март ба даври севуми раёсат даст биёбад, гуфт, Русия ба тағйир ниёз дорад, вале ин ислоҳот бояд натиҷаи “рушди мантиқӣ” бошад, то инқилоб. Русия дар моҳи декабр шоҳиди раҳпаймоиҳои эътирозии бесобиқае алайҳи тақаллуби натоиҷи интихоботи парлумонӣ ба фоидаи ҳизби Путин шуд ва мухолифин раҳпаймоии навбатиро рӯзи 4 феврал, дуруст як моҳ қабл аз интихоботи президентӣ, даъват кардаанд. Ожонси Fitch имрӯз эътибори вомҳои Русияро аз дараҷаи мусбат то ҳадди собит пойин овард ва гуфт, ҳаводиси охир “маҳдудиятҳо ва хатарҳои марбут ба сохти сиёсии Русияро бармало кардааст.”