Сарвазири Русия Владимир Путин дар матлабе ки имрӯз дар торнамои интихоботиаш нашр шуд, мухолифинашро ба надоштани идея дар пешорӯи интихоботи рӯзи 4 март айбдор кард. Путин, ки мехоҳад дар ин раъйгирӣ ба даври севуми раёсат даст биёбад, гуфт, «онҳое ки ягон умеди пирӯзӣ надоранд, бе пушт-пушт ваъдаҳое медиҳанд, ки иҷро нахоҳанд шуд.» Мухолифин, ки дар моҳи декабр ду раҳпаймоии эътирозии барои 20 соли охир бесобиқаро доир кард, рӯзи 4 феврал, дуруст як моҳ қабл аз интихоботи президентӣ, ба як раҳпаймоии нав даъват мекунанд. Як шиори асосии ин эътироз чунин аст: «То кай ба ваъдаҳои Путин бовар хоҳед кард?»