Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманаӣ CIA ва Моссадро айбдор кард


Мустафо Аҳмадирӯшан
Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ Амрико ва Исроилро дар таҳияи қатли донишманди ҳастаии эронӣ Мустафо Аҳмадирӯшан айбдор кард. Паёми Хоманаӣ тундтарин иттиҳоми Теҳрон алайҳи Амрикову Исроил дар иртикоби қатли муовини раиси корхонаи ҳастаии Натанз аст, ки рӯзи чоршанбе дар натиҷаи як ҳамла дар Теҳрон кушта шуд. Хоманаӣ дар паёми таслияташ ба хонаводаи Аҳмадирӯшан навишт, “ин куштор мушобеҳи ҷиноёти дигарест, ки хадамоти иктишофии CIA ва Моссад таҳия ва кумак кардаанд.” Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта аммо гуфт, Амрико дар ин қатл даст надорад. Ӯ мукарраран гуфт, куштор "коре нест, ки Амрико бикунад.”

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG