Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби Соли нав дар Русия ҳам "Бобои барфӣ" кушта шудааст


Маълум шудааст, ки шаби соли нави милодӣ дар шаҳри Орехово-Зуевои наздикии Маскав низ як “Бобои Барфӣ” ба қатл расидааст. Полис мегӯяд, сокини ин шаҳр Константин Евстигнееви 30-сола бо “Бобои Барфӣ”-- Дмитрий Зайтсеви 29-сола шароб нӯшиданд ва ин зиёфат бо қатли Зайтсев ба поён расид, зеро ба гуфтаи мизбон, “Бобои Барфӣ” ба ҳамсари ӯ бо чашми бад нигариста, рашки шавҳари ӯро овардааст. Аммо хонуми Евстигнеев, ки он шаб нақши “Снегурочка” ё “Барфак”-ро бозидааст, мегӯяд, сабаб он шуд, ки “бобо” соати панҷи саҳар ҳам намехост, манзили онҳоро тарк кунад. Вайро маҷбуран берун рондаанд, аммо пас аз чанде ӯ барои чизҳои фаромӯшшудааш баргашта ва дар дами дард ҳадафи корд қарор ёфтааст.
XS
SM
MD
LG